Фавту таваллуд кам, аммо талоқ зиёд шудааст: омори соли 2021

Вазорати адлияи Тоҷикистон омори таваллуд, фавт, издивоҷ ва талоқро тайи солҳои 2021 эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар пендемия ҳолатҳои талоқ дар кишвар афзоиш ёфтанд.
Ба иттилои манбаъ, соли 2021 13 ҳазору 741 ҳолати азҳампошии оилаҳо ба қайд гирифта шуд. Ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 10 ҳазору 536 ҳолат баробар буд.
Дар зимн иттилоъ дода шуд, ки сабти издивоҷ дар кишвар низ афзоиш ёфта, соли 2021 ба 74 ҳазору 863 ҳолат баробар гардид. Соли 2020-ум дар кишвар 67 104 издивоҷ ба қайд гирифта шуда буд.
Аммо сабти таваллуд дар соли гузашта дар муқоиса бо соли пешӣ кам шудааст. Мақомоти адлия мегӯянд, дар соли гузашта 218 ҳазору 206 ҳолати таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Ин омор соли 2020 муодили 239 ҳазор буд.
Ҳолатҳои фавт низ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, соли 2021 ба 39 123 адад баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2020 ҳудуди 41 ҳазору 693 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда буд. Фавт дар соли 2021 ба 1176 маврид баробар буд.
Мақомоти адлия мегӯянд, фарзандхонӣ низ дар Тоҷикистон зиёд гардид. Аз ҷумла соли гузашта 1388 ҳолати фарзандхонӣ ва соли 2020 1117 ҳолат қайд шудааст.
Дар баробари ин тағйири ному насаб низ зиёд гардида, дар соли 2021 ба 24 ҳазору 41 нафар асомии худро тағйир додаанд. Ин омор соли соли 2020 ба 19 ҳазору 803 адад баробар буд.
Дар маҷмуъ, ба иттилои Вазорати адлия, дар соли гузашта 463 ҳазору 852 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2020-ум ҳудуди 1158 адад кам аст.