Шарҳи сафорат дар бораи занозании муҳоҷирони тоҷик дар Маскав: ихроҷ таҳдид мекунад

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар занозании оммавии ахир дар Маскав ширкат доштанд, ихроҷ таҳдид мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия муноқишаи рӯзи 29-уми январ дар Маскавро, ки дар он шаҳрвандони кишвар ширкат доштанд, шарҳ дод.
Ба иттилои дафтари матбуотии намояндагии ниҳоди дипломатии кишвар, ин задухӯрд шомгоҳ дар гузаргоҳи "Востряковский"-и рух додааст.

"Маълум шуд, ки ин муноқиша дар пайи хусумати шахсӣ сар зада ва сипас ба муноқишаи гуруҳӣ табдил ёфтааст", - афзуд манбаъ.

Дар натиҷа кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, гумонбарон, инчунин сокинони маскуни маҳалли ҳодисаро (дар маҷмуъ 65 нафар) ба идораи пулис бурдаанд.
Аз ин шумора 15 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, ки нисбати 7 нафарашон парвандаи маъмурӣ боз шуда ва эҳтимол аз қаламрави Россия ихроҷ гарданд.
"Нисбати як нафар шаҳрванди дигари Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми модаи 213, Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз гардид", - мегӯяд манбаъ.
Боздошти беш аз 20 муҳоҷир барои занозанӣ дар Маскави Нав
Сафорати кишвар аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дархост намудааст, ки дар рафти тафтишоти парвандаҳои ҳодисаи мазкур дар доираи қонунгузорӣ ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳимоя карда шаванд ва дар сурати зарурӣ кормандони консулии сафорат омодаанд, то ба шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмаки ҳуқуқӣ расонанд.
Намояндагии дипломатӣ аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, бори дигар эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз ҳар гуна амалҳои иғвоангез дурӣ ҷуста, қоидаҳои будубоши кишвари иқоматро ба таври лозимӣ риоя кунанд.
Ёдовар мешавем, дар Русия теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ аз аввали соли 2021 муҳоҷирон 33,7 ҳазор ҷиноят содир кардаанд.
Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи занозании гуруҳии муҳоҷирон дар Маскав
Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, ҳолатҳои қонуншиканӣ дар муқоиса бо соли 2020 ҳудуди 6,3 дарсад афзоиш ёфтааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ҷорӣ шудани кортҳои пластикӣ барои муҳоҷирон дар Русия имкон медиҳад, ки ҷиноятҳо зудтар тафтиш карда шаванд.
Ҳуҷҷати ягона барои хориҷиён чипи дорои маълумоти шахсӣ хоҳад буд. Онҳо хусусиятҳои биометрӣ, инчунин маълумот дар бораи мақоми шаҳрванди хориҷӣ, раводиди додашуда ва муҳлати амали худи онро дар бар мегиранд.