Президенти Арманистон расман истеъфо дод

Вакилони парлумон барои интихоби раҳбари нави давлат ҳадди аксар 35 рӯз вақт доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ,1 фев — Sputnik. Армен Саркисян, раисҷумҳури Арманистон расман истеъфо дод, хабар медиҳад Sputnik Арманистон.
Ҳамакнун салоҳиятҳои Саркисян расман қатъ шуд. Раиси парлумон Ален Симонян иҷрокунандаи вазифаи сарвари давлат шуд.
Ҳоло вакилони порлумон барои интихоби раисҷумҳури нав ҳадди аққал 25 ва ҳадди аксар 35 рӯз вақт доранд.
Номзадҳоро ба ин вазифа ҳам ҳукумат ва ҳам аз ҷониби мухолифон пешниҳод карда метавонанд: чоряки овозҳои депутатҳоро таъмин кардан лозим аст.
Қаблан Саркисян ба далели он ки ниҳоди раисҷумҳур дар ин кишвар салоҳият ва абзорҳои муайяне барои таъсир ба равандҳои берунӣ ва дохилӣ надорад, истеъфо дода буд.
Раҳбари Арманистон Никол Пашинян истеъфо дод
Вай ҳамчунин афзуд, ки раисҷумҳур ва хонаводаи ӯ ҳадафи гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ қарор мегиранд.
Саркисян дар поёни муроҷиаташ ба артиши кишвар ва ҳамкоронаш барои фаъолияти пурсамарашон изҳори сипос кардааст.
Ёдовар мешавем, ки ин сиёсатмадор аз соли 2018 раҳбарии Арманистонро бар уҳда дошт.
Арманистон шакли идораи парлумонӣ дорад.