ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар доираи созишномаи кумаки бебозгашт Чин ба Тоҷикистон 413 адад мошину техникаи гуногунро ворид карда, гуфта мешавад, 53 адади дигар дар роҳ аст.
Бар асоси созишнома, ки соли 2021 имзо гардид, садҳо адад техникаи коммуналӣ ба ҳукумати Душанбе супорида шуд. Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар маросими рӯнамоии техникаи ирокардаи Чин иштирок намуд.
Ба иттилои мақомоти Душанбе, дар ин феҳраст 155 адад автобуси мусофирбари гуногун низ мебошад.
Дар қатори техникаи ироанамудаи Чин инчунин 52 мошини борбар, 48 автомашинаи махсуси партовкашӣ, 40 мошини обпошӣ, 22 худрави хурди боркашии дуқатора, 20 мошини сӯхторхомӯшкунӣ, 1 адад грейдер, 18 адад каток, 7 адад автокран, 15 адад эвакуатор мебошанд.
Дар баробари ин як адад таҷҳизоти тақсимкунандаи қир, автомашинаҳои қубуртозакунӣ, 7 адад барои ташхису таъмири қубурҳои оби гарм, 1 адад маркази идораи техникаҳои сӯхторнишонӣ, 4 мошини ёрии таъҷилӣ ва 1 адад барои интиқоли гипохлориди натрий бар раиси Душанбе муаррифӣ шудааст.
Интизор меравад, ки дар марҳилаи аввал мутахассисони чинӣ аз тариқи онлайнӣ барои кадрҳои тоҷик тарзи идораю корбарии техникаи ҷадидро омӯзонанд.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, бо таҳкими заминаи техникии хадамоти манзилию коммуналӣ дар пойтахти Тоҷикистон шароит ба маротиб беҳтар мешавад.