Кудаки муҳоҷири тоҷик аз бинои баландошёнае дар Маскав афтодааст: тафсилоти фоҷиа

Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия пас аз марги кӯдаки тоҷике, ки аз тирезаи бинои баландошёна ба замин афтод, таҳқиқро оғоз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Кӯдаки панҷсолаи муҳоҷирони тоҷик аз тирезаи як бинои истиқоматии 18-ошёна дар шарқи Маскав ба замин афтод, хабар медиҳад РИА "Новости".
То расидани мошини ёрии таъҷилӣ кӯдаки хурдсол дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Фоҷиа шоми 31 январ дар кӯчаи Лухмоновская рух додааст.
Табибони ҳозиршуда гуфтаанд, ки кӯдак аз захмҳои зарбаи афтидан бардоштааш фавтидааст.
Марги мармузи навраси рус дар "X-Fit"-и Душанбе: модараш аз Рустами Эмомалӣ кумак хост
Ба гуфтаи Юлия Иванова, ёвари калони раиси идораи Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав, муфаттишон аллакай баъди марги ноболиғ тафтишро шуруъ кардаанд.
Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ кард, оилае, ки ба ин мусибат дучор шудааст, тоҷикистонист.
"Аз рӯи ин далел муфаттишон санҷиши пешакии тафтишотӣ ташкил кардаанд. Сабабҳои ҳодиса муайян карда мешаванд", - гуфт Иванова.
Тибқи иттилои пешакӣ, кӯдак дар долони умумии даромадгоҳ бозӣ мекард, вале чӣ гуна аз тиреза ба берун афтодани ӯро бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян кунанд.