ДУШАНБЕ,1 фев — Sputnik. Дар даргириҳои мусаллаҳона ба рустоҳои тоҷикистонии ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Сурх ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ (қариб 133 ҳазор доллар) хисороти моддӣ расонида шуд.
Дар ин бора Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара бо такя ба КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Дар ҷараёни тирпарронии рӯзи 27-уми январи соли 2022 52 бинои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон осеб дида, 4 бино – ошхона, нонвойхона, мағоза ва маркази саломатӣ низ хароб шудаанд. Дар манзилҳо 243 нафар зиндагӣ мекард.
Комиссияи вижаи вазъияти изтирорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Исфара муайян кардааст, ки дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона дар марз бо Қирғизистон 4 бинои истиқоматӣ комилан ва як хонаи шахсии дигар қисман тахриб шудаанд.
Аз маблағи хисороти моддии пешакӣ ҳисобшуда - 1,5 миллион сомонӣ қариб 9,7 ҳазор сомонияш зарари мағозаҳо ва маркази саломатӣ гуфта мешавад.
"Маблағи умумии хисорот ба соҳаи барқ 107,2 ҳазор сомонӣ (9,5 ҳазор доллар) мебошад", - гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27 январ дар наздикии маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон даргирии мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст.
Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар пайи муноқишаи марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 мулкии дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ду сокини маҳаллӣ: Обидҷон Тӯйчиеви 36-сола бар асари таркиши миномёт ва ронандаи мошини ёрии таъҷилии беморхонаи Исфара Абдулатиф Шарифови 58-сола кушта шуданд.