ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, изҳор дошт, ки интиқоли воҳидҳои Ҳавзаи шарқӣ дар доираи марҳилаи аввали санҷиши нерӯҳои давлати иттиҳодӣ амалӣ шуданд.
"Дар доираи марҳилаи аввали санҷиш нерӯҳо ба масофаи то 10 ҳазор километр фиристода шуда, аз ҷумла воҳидҳои ҳавоӣ ва қисмҳои мудофиаи ҳавоӣ тағйири мақар карданд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Шойгу.
Вазири мудофиа инчунин зимни ҷаласаи мақомдорони соҳа изҳор доштаст, ки дар амалиёт ниҳодҳои раёсати низомӣ иштирок мекунанд.
Ӯ афзуд, ки дар доираи тамринот нерӯҳо ба мудофиаи иншооти муҳими давлатию низомӣ ва марзи давлатӣ ва фазо дар доираи низоми ягонаи минтақаӣ машғул хоҳанд шуд. Низоми ягонаи минтақаии мудофиаи зиддиҳавоии Русия ва Белорусро фаро мегирад.
Санҷиши нерӯҳои давлати иттиҳодӣ дар ду марҳила баргузор мешавад. Марҳилаи аввал то 9 феврал давом мекунад, ки зимни он нерӯҳо дар қаламрави Белорус ҷой хоҳанд гирифт. Тайи марҳилаи дуюм - аз 10 то 20-уми феврал размоиши муштараки "Иродаи иттиҳодӣ - 2022" баргузор мешавад, ки ба пас гардондани ҳамлаи хориҷӣ ва пешгирии амалиёти террористӣ равона шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ғарбӣ вақтҳои охир дар бораи омодагии Русия барои ҳамла ба Украина ҳушдорҳои зиёде медиҳанд. Аммо Маскав ин иттиҳомотро бепоя хонда, изҳор медорад, ки ИМА ва НАТО аз тариқи паҳн кардани чунин овозаҳо нияти ҷой додани нерӯҳояшро дар наздикии марз бо Русияро дорад.