Муминзод: Ҳукумат иқдоме барои боло бурдани нархи барқ накардааст

Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол ҳич пешниҳоде барои боло бурдани нархи барқ дар ҷумҳуриро накардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Абдулмаҷид Муминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сарусадо дар бораи эҳтимоли боло рафтани нархи барқ дар кишварро шарҳ дод.
Муминзод зимни нишасти матбуотӣ гуфт, боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон салоҳияти ҳукумат мебошад.

"Аз ҷониби мақоми ваколатдор лоиҳа пешниҳод мешавад, ҳукумат онро баррасӣ менамояд. Вазифаи Хадамоти зиддинҳисорӣ дар ин ҳолат муайян кардани арзиши аслии як киловат нерӯи барқ мебошад", - таъкид шуд дар нишаст.

Муминзод илова намуд, ки то ҳол ягон иқдом дар ин самт сурат нагирифтаасту ҳукумат низ санадеро барои омӯзиш пешниҳод нанамудааст. Ӯ афзуд, шояд Вазорати энергетика ва захираҳои об мустақилона ин масъаларо баррасӣ дорад, аммо дар сатҳи ҳукумат ин санад ҳанӯз вуҷуд надорад.
Феълан нархи як киловат нерӯи барои аҳолии Тоҷикистон 22,6 дирам аст.
Раиси нави "Барқи тоҷик" ваъда дод, ки дигар "лимит" намешавад
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ дар нишасти ахираш аз эҳтимоли боло рафтани нархи барқ гуфта, зикр намуд, ки аз соли 2019 то ҳол нархи нерӯ зиёд нашудааст. Вазир болоравии нархо ба зарурати сармоягузорӣ ба рушди соҳаю фароҳамсозии инфрасохтор рабт дод.