Маълум шуд, духтари Назарбоев дар куҷост

Дариға Назарбоева аз аввали соли 2022 дар ҷаласаҳои палатаи поёнӣ ҳузур надошт
Sputnik
ДУШАНБЕ,1 фев — Sputnik. Духтари президенти пешини Қазоқистон ва вакили палатаи поёнии парлумони ин ҷумҳурӣ Дариға Назарбоева баъди мубталошавӣ ба COVID-19 муолиҷаро идома медиҳад. Дар ин бора ёрдамчии ӯ Жанна Ермекова хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, вакил ба далели бемории ахир ба рухсатии бемузд рафтааст.

"Ҳоло вай дар Нурсултон аст ва пас аз мубтало шудан ба коронавирус муолиҷаро идома медиҳад", - гуфт Ермекова.

Дариға Назарбоева аз аввали соли 2022 дар ҷаласаҳои порлумон ҳозир нашудааст.
Дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумони ин кишвар хабар дод, ки духтари президенти пешини Қазоқистон ба далели беморӣ ҳозир нест ва дар ояндаи наздик дар ҷаласаҳо ҳозир нахоҳад шуд.
Бисёриҳо бовар доштанд, ки вай дар робита ба эътирозҳо дар Қазоқистон, ки дар авоили моҳи январ ба вуқуъ пайвастанд, дар мулоқотҳо ҳузур пайдо намекунад.
Дариға Назарбоева куҷо ғайб зад?
Овозаҳое паҳн шуда буданд, ки гӯё ӯ ва падараш кайҳо кишварашонро тарк кардаанд.
Дар ҳамин ҳол хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумон борҳо хабар дода буд, ки духтари раисҷумҳури пешин ба далели беморӣ ба ҷои кораш ҳозир нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки эътирозоти оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон дар пасманзари ду баробар боло рафтани нархи газ сар зада, аз ҷумла шаҳри Алмаато, пойтахти пешинаи кишварро фаро гирифтанд. Дар посух роҳбарияти кишвар то 19 январ ҳолати фавқулодда эълон намуд, то тартиботу волоияти қонун таъмин гардад.
Ба гузориши СММ, дар ҷараёни эътирозот дар Қазоқистон ҳудуди ҳазор нафар маҷруҳ гардиданд. Ба иттилои мақомоти умури дохилии Қазоқистон, тайи ин эътирозҳо 17 намояндаи мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расида, беш аз 1,3 ҳазор нафар осеб дидаанд.