Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон гузориш дод, ки чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони кишвар дар соли 2021 дуруст баромад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Обуҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 ҳудуди 365 пешгӯии якшабонарӯзиро таҳия карданд, ки 91%-и онҳо дуруст баромад, хабар дод Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Ба иттилои манбаъ, тайи соли гузашта 244 пешгӯӣ то 5-шабонарӯзӣ омода гардиданд, нишондоди дурустии онҳо 895 будааст. Кумита таъкид намуд, ки сатҳи дурустии пешгӯиҳои ҳавошиносони кишвар дар соли 2021 дар муқоиса бо соли пешӣ 2% афзудааст.
Ин ниҳод афзуд, ки дар ҷумҳурӣ ҳамчунин 899 зуҳуроти хавфноки обуҳавосанҷӣ ба қайд гирифта шуд, ки 709 адади онҳо пешгӯӣ гардидаанд. Дурустии пешгӯии зуҳуроти хавфнок 69,3% арзёбӣ гардид, ки нисбат ба нишондоди соли пешӣ 1,3% зиёд мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ба иттилои расмӣ, дар шуъбаи пешгӯии обуҳаво 56 нуқтаи бодуҳовасанҷӣ ва 29 нуқтаи худкор мавҷуд аст, ки ҳар рӯз вазъи обуҳаво, ҳарорати ҳаво, боришот, самту суръати шамол, чангу ғубор, тормеғ ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Дар маҷмуъ ҳоло дар ҷумҳурӣ 54 шабакаи давлатии обуҳавосанҷӣ, 96 дидбонгоҳи обченкунӣ, 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво дар шаҳрҳои калон ва саноатии ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд.