Зодаи вилояти Бадахшон додситони кулли Афғонистон таъйин шуд

Бо фармони роҳбари гурӯҳи толибҳо ахиран зодаи вилояти Бадахшон ба ҳайси додситони кулли Афғонистон таъйин шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31янв — Sputnik. Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи толибон дар паёми твиттерие эълом кард, Шамсиддин Шариатӣ, муовини собиқи вазири кишоварзӣ, обёрӣ ва домдории толибон ба унвони додситони кулли Афғонистон таъйин шудааст.
Вай афзуд, Шариатӣ бо ҳукми Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари толибон ба ин симмат мансуб шудааст.
Самангонӣ идома дод, ки додситони кулли толибҳо аҳли шаҳристони Кишми вилояти Бадахшон аст ва дар гузашта ба унвони волии вилоятҳои Пактиё, Майдон Вардак ва масъули ҷиҳодии вилояти Бадахшон, муовини Комиссияи даъвату иршод ва ҳамчунин муовини Комиссияи ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён фаъолият кардааст.
Имронхон: Афғонистон бо бадтарин ошуфтагии инсонӣ рӯ ба рӯ аст
Пас аз он ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико поёни амалиёти низомии Вашингтон дар Афғонистонро эълом кард, толибон бидуни мувоҷеҳа бо ҳеҷ муқовимате Кобулро тасарруф карданд.
Ба гуфтаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон, ин кишвар дар 15 соли гузашта беш аз 3000 хонаводаи паноҳҷӯи афғонро сабт кардааст, ки теъдоди онҳо дар маҷмуъ 15 ҳазор нафар аст. Тоҷикистон бо 1344 километр, тӯлонитарин марз бо Афғонистонро дорад.