ВКД Қирғизистон: Вазъ дар марз бо Тоҷикистон ором аст

Мақомоти Қирғизистон аз оромӣ дар марз бо Тоҷикистон хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 дек - Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар додааст, ки рӯзи 31-уми январ вазъ дар марзи вилояти Бодканди ин кишвар бо Тоҷикистон ором аст.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки кормандони пулиси Бодканд дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ вазъро дар деҳаҳои наздимарзии ду кишвар шабонарӯзӣ назорат мекунанд.
"Бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амният ва пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ дар минтақаҳои марзӣ маҷмуи тадбирҳои лозимӣ анҷом дода мешавад," – илова кардааст манбаъ.
Охирин даргирии марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Дар пайи ин муноқиша ду сокини мулкӣ аз ҷониби Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ ҷароҳат бардоштанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
"Қирғизистон техникаи ҳарбии зиёд харид": Тошиев гуфт, ҳамааш барои Бодканданд
Қирғизистон аз осеби 12 шаҳрвандаш хабар додааст, ки низомиён мебошанд.
Бишкеку Душанбе чун дигар ҳолатҳои қаблии даргирӣ ин дафъа низ ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Феълан вазъ дар марз муътадил буда, ҷонибҳо созиш кардаанд, ки барои таҳқиқи ҳодиса ва муайян намудани омилони он комиссияи махсус ташкил карда шавад.