ДУШАНБЕ, 31 дек - Sputnik. Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова шакли нави суруди "Хаста булма"-ро пешкаши тамошобинон кард.
Ҳунарманд видеои таронаро дар саҳифаи шахсии худ дар "Instagram" нашр кардааст.
"Тафсири нав ва равиши нав", - навиштааст Усмонова ва ҳамчунин қайд карда, ки - "ин дафъа ӯ ҳамчун муаллифи матн ва ҳам оҳангсози суруд баромад кардааст".
Ёдовар мешавем, дар авохири моҳи октябри соли гузашта дар робита ба таронаи "Хаста булма" дар шоу-бизнеси Ӯзбекистон ҷанҷол сар зад.
Шоир Юлчӣ Рӯзиев аз болои Юлдуз Усмонова ба далели бидуни иҷозат сароидани сурудаш ба додгоҳ шикоят бурд. Мурофиаи ин парванда 29 октябри соли 2021 баргузор шуда, дар натиҷа додгоҳи байниноҳиявии Мирзо-Улуғбек сарояндаро муваззаф намуд, ки барои нақзи ҳуқуқи муаллиф 185 миллион сӯм пардохт кунад.
Қаблан худи ҳунарманд дар бораи муноқиша бо Рӯзиев изҳори назар карда, фаҳмонд, ки ин сурудро барои наздиконаш хондааст.
"Ман аз он шод мешавам, ки касе суруди маро бозхонӣ кунад", - изҳор дошта буд ситораи эстрадаи Ӯзбекистон.
Илова бар ин Усмонова иқрор шуд, ки ба матни ҳар як тарона дастикам чаҳор ҷумла илова мекунад, аз ин рӯ ӯро метавон ҳаммуаллифи асар номид.
Сароянда таъкид кард, ки минбаъ барои тақозои замон худро низ муаллифи тарона муаррифӣ мекунад.