ДУШАНБЕ, 31 янв – Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон теъдоди умумии муштариёни алоқаи маҳаллиро дар кишвар ҳудуди 273 ҳазор гуфт, ки на ҳамаашон фаъоланд.
Ба иттилои Хадамоти алоқа, аз шумораи умумии муштариёни сабтшудаи алоқаи маҳаллӣ, танҳо 39 ҳазорашон феълан фаъол мебошанд.
Манбаъ миқдори муштариёни имтиёздор дар ҷумҳуриро зиёда аз 8 ҳазор нафар арзёбӣ кард, ки арзиши хидматрасониҳои иртибототӣ ба онҳо дар соли гузашта 536 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.
Ин дар ҳолест, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз даҳ соли қабл дастур дода буд, ки Хадамоти алоқа барои ҳудуди 1 миллион оилаи камбизоат телефонҳои хонагиро насб намояд.
Аммо тавре таҷриба нишон медиҳад, таваҷҷуҳ ба телефонҳои хонагӣ майли камшавӣ дошта, телефонҳои мобилӣ ҷойи онҳоро танг кардаанд.
Бар асоси омори расмӣ, теъдоди симкортҳои алоқаи мобилӣ, ки дар дасти сокинони кишваранд, ҳудуди 8 миллион ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 5,5 миллионаш фаъол мебошанд.
Дар бозори алоқаи Тоҷикистон феълан 88 субъект иҷозатномаи фаъолият доранд ва даромади корхонаҳои соҳа соли гузашта ба 3,1 млрд сомонӣ баробар шудаст. Ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ ба 2,4 млрд сомонӣ арзёбӣ гардид.