ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Маҳаммадумар Асозода, раиси навтаъйини "Барқи тоҷик" изҳор дошт, ки резиши об дар дарёи Вахш аз меъёри миёна бештар аст. Нерӯгоҳҳои асосии таъминкунандаи Тоҷикистон бо барқ, аз ҷумла "Норак" дар дарёи Вахш фаъолият доранд.
Асозода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки резиши об дар дарёи Вахш тайи моҳҳои декаб ва январ аз меъёр зиёд буд. Ӯ тавзеҳ дод, ки сатҳи об дар дарё тайи 30 рӯзи моҳи январ аз нишондоди миёна 13,7 дарсад бештар мебошад.
Резиши аслии об 208 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки меъёри миёна барои ин вақт 183 метри мукааб дар сония аст.
Раиси "Барқи тоҷик" изҳор дошт, ки аз ин ҳисоб 86 сантиметри об аз нақшаи харҷи оби обанбори "Норак" сарфа шудааст.
Вай бо такя ба пешгӯии ҳавошиносон изҳор дошт, ки дар моҳи феврал низ ҳавои мусоид дар назар аст. Аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Вахш борон пешгӯӣ мешавад.
Бо зикри ин омилҳо ва интизории резиши хуби об ба обанбори "Норак" Асозода изҳор дошт, ки дар моҳҳои феврал ва марти соли равон низ ягон хел маҳдудият дар интиқоли барқ барои сокинон ҷой нахоҳад доошт. Ӯ зикр намуд, ки аз охири моҳи декабр то ҳол ягон ҳолати қатъи барқ барои мизоҷон ҷой надорад.
Ин дар ҳолест, ки муштариёни "Барқи тоҷик" дар навоҳии Тоҷикистон моҳҳои охири соли гузашта аз қатъи интиқоли нерӯи барқ шабона ва давоми рӯз шикоят мекарданд. Гуфта мешуд, ки барқ барои сокинони навоҳӣ соатҳои муайян, саҳар ва шомгоҳон дода мешуд. Аммо расман мақомдорони "Барқи тоҷик" ҷой додани маҳдудиятро рад карда, ин зуҳуротро ба корҳои таъмирию профилактикӣ рабт медоданд.