ДУШАНБЕ, 31 янв – Sputnik. Коллегияи судии парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи Олии Тоҷикистон нисбати шаҳрванд Саминов Нозимҷон Ашӯралиевич, ки дар таҷовуз ба номуси як ноболиғ муттаҳам мешавад, ҳукм содир кард.
Бино ба иттилои маркази матбуотии Додситонии кулли кишвар, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва додгоҳӣ мушаххас шудааст, ки сокини шаҳри Ҳисор Саминов моҳи сентябри соли 2021 ҷияни ноболиғи худро таҷовуз кардааст.
Духтар бинобар дар муҳоҷират, дар Русия будани волидонаш зери парастории амакаш Саминов қарор доштааст, ки волидон ӯро бовар карда, парастории фарзандашонро ба вай супурдаанд.
Нозимҷон Саминов 21 сентябри соли 2021, тахминан соати 17:30 дақиқа дар ҳолати мастӣ дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор ҷияни худро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, маҷбуран бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст.
Нисбати Саминов бо моддаи 138, қисми 3, банди "а"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бо қарори Коллегияи парвандаҳои ҷиноии Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нозимҷон Саминов барои адои ҷазо дар колонияи низомаш сахт ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.
Ёдовар мешавем, ин нахустин мавриди таҷовузи ноболиғон набуда, дар гузашта низ додгоҳҳои кишвар шоҳиди чунин мурофиаҳо, ҳатто пурсарусадотарин қазияҳо аз ин будааст.