ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон сардори шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи №1-и ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе И.И.У-ро боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз мақоми хизматияш ба ҷинояти тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суистифода аз боварӣ, бо расонидани зарари махсусан калони моддӣ даст задааст.
Ин корманди мақомот зимни шиносоӣ бо шаҳрванд “А” боварии охиронро ба даст оварда, ваъдааш медиҳад, ки бар ивази маблағи 150000 сомонӣ як манзили истиқоматии дуҳуҷраии воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Маяковски 50, ҳуҷраи 35-ро, ки соҳибмулки он вафот карда ва ягон меросхӯр надорад, ба номи ахирӣ аз тариқи қонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ мекунад ва ба ӯ медиҳад.
Гуфта мешавад, боздоштшуда бо мақсади анҷом додани нияти ҷинояткоронаи худ вобаста ба тасарруфи молу мулки ғайр, аз маблағи талабнамудааш 128000 сомониро ба тасарруфи худ дароварда, ягон амалро ба манфиати ахирӣ иҷро накардааст.
Барои ин кирдор алайҳи корманди ВКД бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф", он қатъ карда шуд.
Ин нахустин боздошти кормандони ниҳоди интизомӣ аз сӯйи Оҷонсии зидди фасод нест, қаблан низ чунин ҳолатҳо расонаӣ шуда буданд.