ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон бо Ордени Кумитаи ҷанговарони интернатсионалисти назди Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ барои хидматрасонии тиббӣ қадрдонӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, маросими тақдими ордени макзур ахиран дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони ин кумита баргузор гардид.
Қайд карда шудааст, ки аснои тақдими орден намояндагони кумита ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, хосатан вазир Ҷамолиддин Абдуллозода барои хизматрасонии тиббӣ ба ҷанговарони интернатсионалист изҳори миннатдорӣ баён намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 31-уми августи соли гузашта раисҷмуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба як идда аз ходимони давлатӣ мукофотҳои давлатӣ дод.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ҷумлаи нафароне буд, ки бо ин мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуд.