Қабул: вокуниши сармураббӣ Сегрт ба лақабе, ки мухлисони тоҷик ба ӯ доданд

Сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон аз лақабе, ки мухлисони тоҷик ба ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, хуб истиқбол кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол гуфт, бори аввал мешунавад, ки мухлисони тоҷик лақабашро Эйнштейн гузоштаанд.
Сегрт зимни нахустин нишасти матбуотияш ба ҳайси сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон гуфт, дар тӯли фаъолияташ лақабҳои зиёд дошт, аммо бори аввал аст, ки ӯро Эйнштейн мехонанд.

"Баъзеҳо маро бо лақаи Меъмор мешиносанд, бархе "падари футболистҳо" меномиданд. Лақаби Эйнштейнамро якум бор мешунавам. Аммо агар барои мухлисони Тоҷикистон маъқул бошад, онро қабул мекунам", - гуфт Сегрт.

Ӯ зикр намуд, ки созишнома ба ҳайси сармураббии тими миллии Тоҷикистонро барои як сол баста, барои идомаи кор пешшарте гузошта шудааст.
"Дар сурати роҳ ёфтани тими Тоҷикистон ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шартнома автоматӣ тамдид мешавад", - гуфт Сегрт.
Сармураббии хорватӣ гуфт, Тоҷикистон пешаш чӣ шарт гузоштааст
Маврид ба зикр аст, ки мураббии нав иҷозатномаи УЕФА Pro дар ҷиҳати фаъолият ба унвони мураббиро дорад. Ӯ қаблан дар Австрия, Гурҷистон ва Индонезия низ фаъолият карда буд.
Мутахассиси хорватӣ ҳамчунин тими миллии Афғонистонро дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 раҳбарӣ мекард. Соли 2018 ӯ тими Молдивро роҳбарӣ кард, ки он ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 гардид.