ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Давлат Болтаев, варзишкори тоҷик ғолиби Қаҳрамонии Осиё дар риштаи бокс миёни то 22-солаҳо гардид. Ӯ медали тилоро дар вазни 92 кило ба даст овард.
Бар асоси гузоришҳо аз ҷараёни мусобиқот Болтаев дар даври ниҳоӣ бо варзишгари Қирғизистон Рустам Ирисбекуулу вориди майдон шуда, дар раунди сеюм рақибашро шикаст дод.
Дар ин мусобиқа тими Тоҷикистон инчунин соҳиби медалҳои нуқра гардид. Мақоми дуюм ва нуқраро барои Тоҷикистон варзишгарон Абдумалик Болтаев, Некрӯз Салимов ва Шаҳбоз Ҳаитов оварданд.
Сумайя Қосимова, ягона бонуи муштзани тоҷик, ки дар Қаҳрамонии Осиё то даври ниҳоӣ расид, аз ҳарифи ӯзбекистонияш Фарзона Фозилова шикаст хӯрда, медали нуқраро соҳиб шуд. Ду бонуи дигар аз Тоҷикистон, Малика Нозимова дар вазни 63 кило ва Ҳусния Холова дар вазни 50 кило медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Инчунин қаблан Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кило ва Расул Аҳадов дар вазни 67 кило дар нимфинал мағлуб шуда, медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Дар Қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола дар шаҳри Тошканд 190 варзишгар аз 12 давлати қора иштирок доштанд. Дар миёни иштирокдорон, аз ҷумла 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ буданд. Бештари медалҳои мусобиқаро тими Ӯзбекистон соҳиб гардид.