Мақомоти Хатлон: Боздиди гардишгарони хориҷиву дохилӣ аз вилоят зиёд шуд

Дар соли гузшта 442 ҳазору 870 сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз вилояти Хатлон боздид карда, мавзеъҳои таърихиву сайёҳии ин вилоятро дидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Мақомоти вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки дар соли гузашта новобаста аз маҳдудиятҳои коронаӣ дар ҷаҳон шумори гардишгарони хориҷӣ ба вилоят ба 2 ҳазору 676 нафар расид.
“Аз шумораи сайёҳоне, ки ба вилоят омадаанд, 2 ҳазору 676 нафаршон сайёҳи хориҷӣ ва 440 ҳазору 194 нафар сайёҳи дохилӣ мебошанд”, - қайд кардааст манбаъ.
мақомоти Хатлон илова кардааст, ки бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлоли давалтии кишвар дар вилоят 165 адад иншооти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ пешбинӣ гардида, 168 адад иншоот сохта ба истифода дода шудааст.
Ифтитоҳи хатсайри нави гардишгарӣ: Душанбе - Файзобод - Роғун
Ҳамзамон манбаъ маълумот додааст, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 931 адад ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 адад меҳмонхона, 130 адад мавзеи сайёҳӣ, 134 адад истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 132 адад тарабхона, 43 адад осорхона, 17 адад ширкати сайёҳӣ, 119 адад чойхона, 306 адад банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 61 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 88 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 адад зиёратгоҳ, 46 адад боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашт, 83 адад ишораи сарироҳӣ ва 27 адад маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.