ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти сохтмони мактаби миёнаи русӣ, ки бо маблағгузории Русия дар маҳаллаи Темурмалики шаҳр ҷараён дорад, аз наздик шинос гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд.
Иттилоъ дода шуд, ки мактаб аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1224 талаба пешбинӣ гардида, дорои тамоми инфрасохтори таълимӣ мебошад.
Фармоишгарони татбиқи ин лоиҳаи азим бо супориши Ҳукумати Русия Бонки Авруосиёии Рушд амалӣ шуда, пудратчии генералӣ “ЗАРУБЕЖДИПСТРОЙ” дар якҷоягӣ бо ширкати ватании ҶДММ “Нуроб” мебошанд.
Иттилоъ дода шудааст, ки алҳол дар сохтмони мактаб беш аз 300 нафар аз сохтмончиёни маҳаллӣ машғули кори доимиянд.
“Интизор меравад, ки сохтмони мактаби мазкур тибқи нақша, то 1 сентябри соли 2022 ба анҷом расад”, - қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ қайд кардааст, ки раиси шаҳри Хуҷанд барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ, мусоидат барои муҳайё намудани инфрасохтори ҳудуди он, зеббахшии атрофи муассиса ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дод.
Ёдрас менамоем, ки сохтмони мактаби мазкур, тибқи барномаҳои Русия - ташаббуси муштараки руасои Ҷумҳури Тоҷикистону Русия амалӣ карда мешавад.
Дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи маориф ва илм давоми се соли оянда дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ ба истифода дода мешавад.
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон 15 январи соли 2020 ба тасвиб расонида шуд.
Омӯзиш дар ин панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ, мувофиқи дастурамали таълимии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ба роҳ монда хоҳад шуд.