ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Воридоти зиёди силоҳ ва техникаи низомӣ аз Русия омодагии ҷангии артиши Тоҷикистонро тақвият хоҳад дод.
Дар ин бора Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо ТАСС изҳор дошт.
Вай ёдовар шуд, ки дар соли 2021 Русия барои муҷаҳҳаз ва таҷдиди силоҳи нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон миқдори зиёди техникаву техникаи низомӣ ва муҳимоти ҷангӣ фиристод.
"Мо бовар дорем, ки чунин иқдомот ба таҳкими омодагии ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мусоидат мекунанд", - гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ин дипломат, ин имкон дод, ки қитъаҳои марзи душворгузари кӯҳии Тоҷикистону Афғонистон мустаҳкам карда шаванд ва посгоҳҳои марзӣ дар ин мавзеъҳо ҳоло бо нерӯи иловагӣ ва техникаи низомӣ тақвият дода шудаанд.
Масалан, Русия танкҳои муосири Т-72Б3М ва мошинҳои ҷангии БМП-2М фиристод.
Инчунин як силсила силоҳи нави АК-12, системаҳои муосири сайёри зиддимушакии (МАНПАД) "Верба", снайперҳои калонкалибри АСВК-М "Корд", пулемётҳои 12,7 мм НСВ "Утёс"-ро ба ҷониби Тоҷикистон дод.
Илова бар ин генерал-полковник Александр Лапин, фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ қаблан гуфта буд, ки дар соли 2022 Тоҷикистон беш аз 70 адад техникаи низомиро ба истифода хоҳад дод.
Ҳамчунин инструкторони Вазорати дифои Русия пайваста бозомӯзии кадрҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро мегузаронанд.
Дипломат афзуд, Русия дар якҷоягӣ бо шарикон аз Тоҷикистон тарҳи муштараки бунёди посгоҳи муосири марзӣ дар марз бо Афғонистон, дар мавзеи Шамсиддин Шоҳинро оғоз кардааст.