ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Маскав аз даргирии мусаллаҳона, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, нигарон аст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар доданд.
"Мо аз хабар дар бораи ҳодисаи мусаллаҳона, ки шоми 27 январ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рух дод, нигарон ҳастем. Мутаасифона, аз ҳар ду ҷониб қурбониён ва захмиён ҳастанд",-афзуданд дар вазорат.
Илова бар ин Вазорати хориҷаи Русия таъкид кардааст, ки Русия аз тавофуқҳои ҳосилшуда миёни тарафҳо дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳ дар марз истиқбол мекунад.
Маскав аз муроҷиати дабири кулли СПАД Станислав Зас, ки қаблан ба Тоҷикистон ва Қирғизистон муроҷиат карда буд, пуштибонӣ мекунад.
Дабири кулли созмон аз ҷонибҳо даъват кард, ки ба даргирӣ хотима диҳанд ва низоъро танҳо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал кунанд.
Ёдовар мешавем, ки муноқишаи мусаллаҳона дар марзи ду кишвар, дар наздикии рустои Хоҷаи Аъло шоми 27 январ сар зад.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.
Пас аз он мардуми маҳаллӣ дар сарҳад ҷамъ шуданд. Дар байни шаҳрвандон задухӯрд ба вуқуъ пайваст, ки зуд ба сангпартоии ҳар ду ҷониб мубаддал гашт.
Баъдан марзбонон вориди даргирӣ шуданд ва тирпарронӣ оғоз шуд. Баъди чанд вақт техникаи ҳарбӣ ба кор даромад. Тарафҳо дар мавриди истифода аз миномёт ва гранатомётҳо муттаҳам шуданд.
Деҳаи ҳамсоя зери оташ қарор гирифт. Баъзе хонаҳо дар Хоҷаи Аъло ба кӯҳи сангу тахтаҳои сӯхта табдил ёфтаанд.
КДАМ Қирғизистон версияи худро дар бораи ҳодиса пеш гузошт. Ба гуфти ин ниҳод, сабаби муноқиша бастани қитъаи шоҳроҳи Бодканд - Исфара будааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳарбӣ низ иттиҳоми мутақобилаеро расонаӣ карданд.
СПАД ба вазъ дахолат кард. Дабири кулли созмон Станислав Зас бо намояндагони ҳар ду ҷониб телефонӣ суҳбат карда, аз онҳо хост, тирпарониро ҳарчи зудтар қатъ карда, низоъро тавассути музокироти дуҷониба ҳал кунанд.
Тоҷикистон иддао кард, ки дар ҷараёни даргирӣ 10 нафар низомӣ ва сокинони маҳаллӣ маҷруҳ ва 2 нафар кушта шудаанд.
Қирғизистон аз 11 маҷруҳшуда гуфт. Дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муътадил арзёбӣ мешавад.
Пас аз муноқиша мақомоти ду кишвар ду мулоқот баргузор карданд. Нахуст тарафҳо барои оташбас ва аз сарҳад баровардани техникаи низомӣ тафовуқ карданд.
Иштироккунандагони маҷлиси дуюм аз нияти таъсиси комиссияи муштарак барои тафтиши воқеа хабар доданд. Он низомиён ва кормандони додситониро шомил мешавад.
Ҳамчунин дар қаламрави миёни Тоҷикистону Қирғизистон танҳо нерӯҳои марзбонӣ ва пулис боқӣ монда, шаҳрвандони қаблан интиқолдодашуда ба хонаҳояшон барбардонида мешавад, хатҳои осебдидаи барқ барқарор ва роҳҳои басташуда боз хоҳанд шуд.
Даври дуюми гуфтушунид рӯзи 29 январ дар назар аст.