Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Вазъи коронавирус дар Тоҷикистон чӣ гуна аст: омори нав

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи гирифторӣ ва раҳоӣ аз коронавирусро нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 18 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба шабонарӯзи гузашта (24 ҳолат) камтар мебошад.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ҳамзамон тайи 24 соати гузашта 32 нафар аз гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар маҷмуъ аз аввали пандемия то кунун дар кишвар 17283 нафар гирифтори COVID-19 шуда ва аз ин шумора то рӯзи зикргардида 17078 нафар шифо ёфтаанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сироятшинос гуфт, кадом гурӯҳи одамон гирифтори омикрон мешаванд
Ҳамчунин табибон дар даврони ҳамагирӣ ҷони 124 бемори COVID-19-ро наҷот дода натавонистанд.
Ёдовар мешавем, пас аз наздик ба се моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Алоӣ тоҷикиcтониёнро аз омикрон ҳушдор дод: Карантин кунед ва кӯдаконро эҳтиёт намоед
Ин ниҳод ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.
Манбаи мазкур гуфт, ин беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.
Коронавирус бештар киро азоб медиҳад: Шарҳи мутахассис
Тибқи тавсияҳои Ситоди фаврии мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.
Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Суръати эмгузаронии аҳолӣ низ тасреъ шудааст. Ҳамзамон табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.