Дар Хатлон аз 34 корхонаи аз фаъолият бозмонда 13-тои он корашро барқарор кард

Дар соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 86 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ таъсис ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Шавкат Маҳмадализода, мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, ки дар соли гузашта бунёду навсозии беш аз 60 корхонаву коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Вай гуфт дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Фархор, Бохтар, Кӯлоб, Хуросон, Норак, Темурмалик, Восеъ, Дӯстӣ, Левакант, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг, Панҷ, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷайҳун, Вахш, Муъминобод ва Носири Хусрав корхонаву коргоҳҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, насоҷҷӣ ва сохтмонӣ ба фаъолият шуруъ карданд.
Дар баробари ин, тадбирҳои андешида имкон доданд, ки соли сипаришуда аз 34 корхонаи саноатии аз фаъолият бозмонда 13-тои он фаъолияташро барқарор кард.
Эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки мақомоти вилояти Хатлон пештар хабар дода буд, ки бахши саноати вилоят соли гузашта ба маблағи 10,2 миллиард сомонӣ тавлидот доштааст.
Соли сипаришуда маҳсулоти саноатӣ ба 222 номгӯ расид.
Қайд мешавад, ки корхонаҳои нассоҷии вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда 2 миллиарду 390,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли пеш зиёд мебошад.
Мувофиқи омори расмӣ, маҳсулоти хӯрока ва нӯшокиҳо дар вилоят нисбат ба як соли пеш 132,7 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, ба 1,5 миллиард сомонӣ баробар шуд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки истеҳсоли нерӯи барқ нисбат ба соли пеш 654,5 миллион кВт-соат афзоиш ёфт.