Бунёди Маркази тиҷорати муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар марз

Дар наздикии дидбонгоҳи марзии Андархон, воқеъ дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон минтақаи озоди тиҷоратӣ ташкил мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар наздикии дидбонгоҳи марзии Андархон, воқеъ дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона, ки бо шаҳрҳои Конибодом ва Исфараи вилояти Суғд ҳаммарз аст, минтақаи озоди тиҷоратӣ бунёд мегардад, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Дилмурод Ҷумъабоев, котиби матбуотии ҳокими Фарғонаи Ӯзбекистон хабар додааст, ки бо ибтикори мақомоти вилоят корҳо дар ин самт оғоз шудаанд.

“Минтақаи озоди тиҷоратӣ дар масоҳати 5 гектар бунёд мегардад. Ҷараёни корҳои сохтмонӣ қаноатбахш буда, дар ин ҷо маҷмааи бузурги савдо дар назар аст. Ҳар як хонаи он дар ихтиёри тоҷирону соҳибкорони ду кишвари ҳамҷавор гузошта хоҳад шуд”, - қайд кард сухангӯи ҳокими вилояти Фарғона.

Вай илова кард, ки ин ташаббус ҳамкориҳои тиҷоратии байни ду кишварро боз ҳам таҳким бахшида, иртиботи сокинони ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва шаҳрҳои Конибодому Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистонро, ки миёни якдигар риштаҳои ногусастании хешутаборӣ доранд, боз ҳам тақвият мебахшад.
Афви мансабдори КДАМ, ки барои убури марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон "доля" мегирифт
Дар ҳамин ҳол Гулчеҳра Давлатова, корманди ҳокимияти ноҳияи Бешариқ изҳор доштааст, ки бунёди маркази тиҷоратии муштарак боз як қадами наве дар таҳкими дӯстиву ҳамкории тарафайн хоҳад буд.
Бояд қайд кард, ки аз дидбонгоҳи марзии Андархон ҳар рӯз мусофирони зиёди Тоҷикистону Ӯзбекистон ва шаҳрвандони соири кишварҳои дуру наздик убур мекунанд.