ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон барои ақиб бурдани нерӯҳои иловагӣ, ки ба марз оварда шуданд, тавофуқ намуданд.
Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.
Ба навиштаи Sputnik Қирғизистон, Тошиев дар натиҷаи музокирот бо мақомоти тоҷик гуфт, бархе қарорҳо қабул гардидаанд.
"Пеш аз ҳама комиссия ташкил мешавад, ки сабаби рух додани ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Дар баробари ин ба мақомоти ҳолатҳои фавқулодда дастур дода шуд, ки то шоми 28 январ сокинони тахлияшударо ба хонаҳояшон баргардонанд", - гуфт раиси КДАМ.
Тошиев таъкид намудааст, ки нерӯю техникаи иловагии овардашуда ба назди марз бояд макони будубоши қаблияшон интиқол дода шаванд.
Раиси КДАМ Қирғизистон илова кардааст, ки дар минтақаи марзӣ танҳо сарҳадбонон ва кормандони мақомоти умури дохилӣ боқӣ хоҳанд монд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай бо нигаронӣ аз ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибҳоро ба муросокорӣ ва қатъи истифодаи силоҳ даъват намуданд.
Душанбе ва Бишкек якдигарро дар даргирии мусаллаҳонаи рӯзи 27-уми январ муттаҳам мекунанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи муноқиша дар марз ду сокини мулкӣ кушта ва 10 нафар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 мулкӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, бар асари таркиши хумпора ду сокини мулкӣ, яке дар хонааш ва дигаре ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ дар худраваш ҷон бохтаанд.
Ҷониби Қирғизистон аз маҷруҳ шудани 11 низомӣ хабар дода афзуд, ки осебдидаҳо миёни сокинони мулкӣ нест.