Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

ВКД Қирғизистон дар робита ба муноқишаи марзӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳодисаҳои ахир дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистонро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Аз рӯи далели ҳодисаи иттифоқуфтода дар деҳаи наздисарҳадии Кӯк-Тош, тибқи моддаи "ҷиноёт зидди сулҳ"-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Қирғизистон, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.
Дар иттилоияи вазорат гуфта мешавад, 27 январ, тахминан соати 18:00 дар қитъаи таъйиднашудаи марзии байни деҳаи Кӯк-Тоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон ва деҳаи Самониёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон марзбонони тоҷик қитъаи роҳи Ӯш - Исфана ва шоҳроҳи Исфара - Ворухро бастанд. Марзбонони қирғиз аз ҳамтоёни худ хостаанд, ки бозистанд.
Дар ҷараёни музокирот намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратии ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки корҳои сохтмонӣ анҷом ва роҳ боз шавад.
"Аммо тақрибан соати 19:30 марзбонони Тоҷикистон бар хилофи созишномаҳои байналмилалӣ аз силоҳи оташфишони вазнин истифода карда, ба қитъаҳои Чир-Добо, Қум-мазор, Даҳмоҳ, деҳаи Кӯк-Тош, ки дар он шаҳрвандони оддӣ зиндагӣ мекунанд, инчунин ба мавзеи Торт-кочо дар деҳаи Орто-Боз ва бинои қисми ҳарбии 707-и қӯшунҳои дохилии ВКД Қирғизистон ҳамла кардаанд", - омадааст дар шарҳи ВКД Қирғизистон.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ Тоҷикистон: Вазъ дар марз ором аст, сабабҳои муноқиша таҳқиқ мешавад
Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, манзилҳои сокинони маҳаллӣ ва бинои қисми низомии рақами 707 осеб дида, чанд тан аз низомиён ва як сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардошта, ба бемористони вилояти Бодканд мунтақил шудаанд.
Аз ҷабрдидаҳо тақозо шудааст, то аз ташхиси судӣ-тиббӣ гузаранд.

Муноқишаи марзӣ

Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.
Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
Музокирот дар марз: Раҳмонализода аз пешгирии низоъ гуфту Тошиев аз одоби ҳамсоядорӣ
Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронӣ табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд - Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.
Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз хумпораандоз, аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Касе ҳалок нашудааст. Қирғизистон теъдоди захмиёнаш дар муноқишаи марзиро гуфт
Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардаанд.
Дабири кулли СПАД Станислав Зас дар бораи муноқиша изҳори назар кард.
Вай бо намояндагони ҳар ду ҷониб телефонӣ суҳбат карда хостааст, ҳарчи зудтар тирпаррониро қатъ карда, низоъро тавассути музокирот ҳал кунанд.