ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. НАТО феълан дар бораи нақшаҳои Русия дар мавриди Украина иттилоъ надорад, изҳор дошт дабири ин эътилоф Йенс Столтенберг.
"Мо мунтазам вазъро арзёбӣ мекунем, ҳузурамонро баъди соли 2014 таҳким бахшидем ва қарорҳоро вобаста ба вазъият қабул мекунем", - навишт РИА "Новости" аз қавли Столтенберг.
Ӯ таъкид намудааст, ҳамоно муътақиданд, ки роҳи беҳтарин дипломатия мебошад.
"Паёмҳоро фиристода истодаем, ки ҳамла ба Украина барои Русия қимати сангине дар пай хоҳад дошт", - илова намуд дабири НАТО.
Дар мавриди он ки чӣ гуна кумак барои Украина ироа хоҳад шуд, Столтенберг эътироф намуд, ки дар ин бора миёни аъзои эътилоф назарҳо якхела нестанд. Аммо дар мавриди аъзои НАТО таъкид шудааст, ки тамоми уҳдадориҳо 100% иҷро хоҳанд шуд.
Вай дар зимн изҳор дошт, ки эътилоф ҳич нияти ҷой додани воҳидҳои низомӣ дар қаламрави Украинаро надорад.
Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия бори дигар таъкид намуд, ки Русия нияти ҳамла ба хоки ҳич ҳамсояашро надорад. Ӯ гуфт, ҳамаи иттиҳомот алайҳи Маскав ба канор бурдани таваҷҷуҳ аз талошҳои Киев барои қатъи роҳҳои мусолиматомези мушкили Донбасс равона шудаанд. Маскав мегӯяд, Ғарб ҳангомасозӣ атрофи "ҳамла" ба Украинаро барои таҳкими ҳузураш дар наздикии марз бо Русия истифода мебарад.
Қаблан Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд. Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амниятӣ дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ шудаанд. Аммо то ҳол музокирот дар мавриди замонати амниятӣ ҳеҷ самаре надодааст.