ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Беш аз 12 500 мошин дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Чин дар навбати электронӣ қарор доранд.
Намояндагони ширкатҳои нақлиётӣ дар навбати худ мегӯянд, мушкилоти системавии онҳо дар пайи ҳаводиси январӣ дар Алмаато шадидтар шудааст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Тоҷирон интизори натиҷаҳои санҷишҳои ҳамаҷониба ҳастанд, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор бо роҳбарии Прокуратураи генералӣ гузаронида мешаванд, хабар медиҳад "24.kz".
Оксана Сорокина, намояндаи доираҳои тиҷоратӣ мегӯяд, бар асари нооромиҳо дар иртибот ба интиқола коло дастикам ду ҳафта аз даст рафтааст, кӣ ҷарима дар пай дорад.
Пас аз ҳамлаҳо ба фурудгоҳи пойтахти ҷанубӣ, алоқаи заминӣ ҳанӯз пурра барқарор нашудааст. Ин ҳам ба кори пурҷӯшу хурӯш халал мерасонад.
Дар мавриди вазъи кунунии логистикӣ байни Қазоқистон ва Чин, Сорокина онро бо ду калима тавсиф мекунад: тӯлонӣ ва гарон. Дар истгоҳҳои Дӯстӣ ва Олтинкӯл мисли пештара қатораҳои транзитӣ ба Аврупо дар ҷиҳати истифода аз платформа бартарият доранд.
Ва айнан дирӯз маълум шуд, ки раҳбарони ин ду истгоҳ мансабҳои худро аз даст додаанд. Дар бораи ихтисори коргарон дар КТЗ гузориш дода шудааст.
Посгоҳҳои автомобилии "Нур Жолӣ", "Олтинкол" ва бандари хушки МОИ "Хоргос" аз ҷониби роҳбари Вазорати молия Ерулан Ҷумабоев тафтиш шудааст.
Вазир ба тоҷирон ваъда додааст, ки тартиби кор дар марз ба таври куллӣ таҷдиди назар карда шуда, ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ шадидан ҷилавгирӣ карда мешавад. Ҳамчунин, тибқи иттилои раёсат, фирмаҳои якрӯза, далелҳои эъломияи бардурӯғ ва дигар қонуншиканиҳои гумрукӣ тафтиш карда мешаванд.
"Фаъолияти гумрук бояд шаффоф гардад ва муҳимтар аз ҳама, пуррагии воридот ба буҷетро таъмин намояд", — гуфтааст вазири молия.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ва соли 2020 дар марз бо Чин зарфҳои молҳои воридотӣ ва содиротӣ моҳҳо бекор меистоданд.
Тарифҳои ҳамлу нақл баланд боқӣ монда, зиёни умумии соҳибкорон миллиардҳоро ташкил медиҳад. Қабл аз оғози санҷишҳои ҳамаҷониба мақомот вазъро асосан бо маҳдудиятҳои чинӣ рабт доданд.
Аммо монеаҳое низ ҳастанд, ки аз ҷониби Қазоқистон ба тиҷорат халал мерасонанд.