ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни низомиёни нерӯҳои марзбонӣ задухӯрд ба амал омад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад.
"Соати 19:35 ба вақти маҳаллӣ вазъ бар асари истифодаи силоҳ аз ҷониби Тоҷикистон дар воҳидҳои сарҳадии Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар мавзеи Чир-Добои вилояти Бодканд бад шуд", — менависад ожонсӣ аз қавли намояндаи Бишкек.
Раёсат қайд кард, ки марзбонони қирғиз қаблан, пас аз ташдиди шароит дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳолати омодабош гузаштаанд.
Ин танишро ҳодисае ба вуҷуд овард, ки 27 январ дар наздикии Исфара рух дод. Тибқи иттилои пешакӣ, сокинони Қирғизистон ҳангоми ҳаракат аз рустои Сомониён ба ҷамоати Чоркӯҳ ба сӯйи мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон санг партоб кардаанд.
Роҳи Исфара—Ӯш фавран баста шуд.
Намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти интизомии Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли қазия ба ҷои ҳодиса рафтаанд.
Маркази матбуотии Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки низомиёни тоҷик қисмати роҳи Бодканд - Исфанаро якҷониба бастаанд.
Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам муноқиша ба амал меояд. Баъзан задухӯрдҳои байни сокинони маҳаллӣ ба бархӯрдҳои бузурги низомӣ табдил меёбанд.
Охирин задухӯрди шадид авохири моҳи апрели соли 2021 рух дода буд, ки бо баста шудани марз ва ҳалокату маҷрӯҳ гардидани даҳҳо танҳо аз ҳар ду ҷониб анҷом ёфт.
Рӯзи 22-юми январи соли 2022 намояндагони манотиқи марзии ду кишвар пас аз як моҷаро миёни сокинони маҳаллӣ мулоқот карданд.
Тавре Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии шаҳрдории Исфара гуфт, ба ронандаи мошини "КамАЗ" аз Чоркӯҳ қирғизҳо ҳамла кардаанд.