Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Охирин хабарҳо аз марз: теъдоди захмиён аз ҷониби Тоҷикистон ба 13 нафар расид

Дар пайи задухӯрди ахир дар марз теъдоди захмиён аз ҷониби Тоҷикистон афзоиш ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Теъдоди захмиён аз ҷониби Тоҷикистон дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон ба 13 тан расид.
Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, захмиён аз маҳалли ҳодиса ба шифохонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шудаанд.
Гуфта мешавад, миёни захмиён ду мулкӣ ва 11 тани дигар низомиянд, ки табибон танҳо дараҷаи захми як нафари онҳо вазнин арзёбӣ кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, низомиёни Қирғизистон дар кӯҳҳо ҷо ба ҷо шудаанд ва аз чор тараф аз силоҳҳои вазнин истифода мекунанд.
Барқ низ хомӯш шудааст.
Ӯ гуфт, задухӯрд дар маҳаллаҳои Лангар, Хоҷаи Аъло ва Сомониён сурат гирифт.
Дархости СААД аз Тоҷикистону Қирғизистон: Тирпарониро фавран қатъ кунед!
То кунун мақомот дар бораи фавт ва шумори захмиён расман хабар надодаанд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз даргирӣ рух дод.
Бино ба маълумоти пешакӣ, ошӯб ба далели сангборон шудани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизистонониён сар задааст.
Дар марзи Тоҷикистон чӣ мегузарад: гузориш аз ҷойи ҳодиса
Намояндагони мақомоти ҳар ду кишвар ба ҷои ҳодиса рафтанд. Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯйи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуданд, мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тир шиллик кардаанд.
Ҳамин тавр, муноқиша миёни сокинон ба тирпарронӣ миёни марзбонон мунҷар шуд.
Ҷониби Қирғизистон сокинони манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба ҷои амн интиқол медиҳад.