Тақвияти сомониву ноустувории рубл дар Тоҷикистон: бо доллару евро чӣ шуд?

Арзиши рубли русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон дар баробари сомонӣ боз коҳиш ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 142 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 143 сомонӣ арзиш дошт. Ин асъор сар аз соли нав дар ҳоли шинокунунда қарор дорад.
Қурби рубл охирин маротиба ба ҳадди ниҳоияш тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, пас аз болоравӣ дар оғози сол ахиран поин рафта, боз дар ҳалати шинокунанда қарор гирифт.
Ҳоло дар бозори арзи кишвар бар ивази як евро 12.7340 сомонӣ медиҳанд, ки дар баробари рӯзи қаблӣ боз коҳиш ёфтааст.
Бо доллар дар соли 2022 чӣ мешавад: пешгӯии дақиқи иқтисоддонҳо
Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.
Дар ин миён арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7340 то 13.0000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1432 то 0.1455 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.