Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Шумори низомиёни захмӣ дар задухӯрди марзии ахир ба шаш нафар расид

Шумори низомиёни захмии тоҷик дар задухӯрди ахири марзӣ миёни нерӯҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон афзоиш ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Манобеъи наздимарзӣ Sputnik Тоҷикистон дар Исфара хабар доданд, ки теъдоди низомиёни захмии тоҷик ба шаш нафар расид.
Тибқи иттилои як манбаъи огоҳ аз ҷараёни муноқиша, шаш низомии тоҷик дар пайи тирпарронӣ захм бардошта ва онҳоро ба Шифохонаи марказии шаҳри Исфара интиқол додаанд.
Ҳоло дар минтақаи муноқиша ҳолати омодабош эълон шуда, тамоми нерӯҳои амниятӣ, артиш ва Вазорати корҳои дохилӣ ба он ҷо эъзом шудаанд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз ҷои ҳодиса.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Се сарбози тоҷик дар даргирӣ дар марзи Қирғизистон захмӣ шуданд
Пас аз чанд лаҳзаи сангпартоӣ вазъ печида шуд аз ду ҷониб тирпарронӣ сурат гирифт. Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷойи ҳодиса бо техникаҳои ҳарбӣ ҳозир шудаанд.
Вазъ дар марз муташанниҷ аст, тавзеҳ медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Тирпаронӣ ва задухӯрд миёни марзбонони тоҷику қирғиз идома дорад.
Ҳарбиён ба маҳалли муноқиша ҷалб шудаанд. Се низомии тоҷик захмӣ шуда, ба дармонгоҳи марказии шаҳри Исфара интиқол ёфтаанд.
Пизишкони дармонгоҳ ҳолати маҷрӯҳонро сабук арзёбӣ карданд.