ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар ин бора ба иҷрокунандаи вазифаи додситони вилояти Волгоград Владимир Мосин ва раиси шаҳраки Рахински ноҳияи Среднеахтубинский Федор Кадовба хабар додаанд.
Мард аз дидани рафиқони беҷонаш, ки ҳанӯз баданашон сард нашуда будааст, ба даҳшат афтодааст.
"Вақте ки ӯ дӯстонашро дид, берун ҷаҳида, ба прораб занг зад, аммо ӯ телефонро нагирифт, боз даромад, дуртар рафт, якеро, ки курта дошт, даст кард, ӯ ҳанӯз гарм буд," - гуфт Кадовба.
Ба гуфти ӯ, шахсе, ки мурдаҳоро пайдо кард, худро бад эҳсос карда, ба берун баромада, ба замин афтодааст. Чун ба худ омад, боз ба зангзанӣ пардохт.
Баъдан дар ҷои ҳодиса муфаттишон ва намояндагони додситонӣ ҳозир шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса 26 январи соли 2022 рух дод. Тибқи иттилои тафтишот, ин ҳафт шаҳрванди кишвар барои анҷом додани корҳои зироаткорӣ ба вилояти Волгоград рафта будаанд.
Кумитаи тафтишот пас аз марги шаш муҳоҷири тоҷик дар вилояти Волгоград дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ҳангоми кор дар гармхона шаш нафар аз оксиди карбон заҳролуд шуда, онҳоро коргари ҳафтум ошкор карда, ба корфармо муроҷиат кард ва ӯ мошини ёрии таъҷилиро даъват намудааст. Ҳоло муҳоҷири ҳафтум дар бемористон қарор дорад.