ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Таъйину ҷобаҷокунии кадрҳо дар сохтору идораҳои давлатӣ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.
Бо фармони кишвардор Иммомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Олмон таъйин шуд. Номбурда қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия буд ва рӯзи дуюми августи соли гузашта бо фармони президент аз ин мақом барканор шуд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳур фармони Эмомалӣ Раҳмонро нашр намудааст, ки дар он аз ҷумла омадааст:
"Сатторов Имомуддин Мирзоевич сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон таъйин карда шавад".
Бояд гуфт, то ҳол сафири Тоҷикистон дар Олмон Ғайратшо Соҳибназар буд, ки ахиран бо фармони президент аз мақом барканор шудааст.
Сабаби барканории Ғайратшоро котиботи президент ба кори дигар гузаштан гуфтааст.
"Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва ҳамзамон аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Полша озод карда шавад".
Феълан маълум нест, ки ҷаноби Ғайратшо барои кадом вазифаи нав курсии сафириро канор гузоштааст.