Раиси нави "Барқи тоҷик" маълум шуд: Ӯ кист?

Қаблан раиси ин ширкати холдингӣ аз мансабаш барканор шуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон раиси нави ширкати холдинги энержии "Барқи тоҷик" таъйин шуд.
Раҳбарии ин ширкатро раисҷумҳури кишвар ба Муҳаммадумар Асозода вогузор кардааст, хабар дод як манбаъ аз ширкати "Барқи тоҷик" ба Sputnik Тоҷикистон.
Қаблан ӯ дар "Барқи тоҷик" ба ҳайси муовини аввали раис, директори иҷроияи Раёсати тавлиди нерӯгоҳҳои обӣ ва гармӣ низ кор кардааст.
Раиси нави "Барқи тоҷик" 53 сол дорад. Ӯ соли 1968 дар шаҳри Норак таваллуд шудааст.
Ҳамзамон бо фармони раисҷумҳури кишвар Қурбонзода Абдулло Абдураҳим муовини Муҳаммадумар Асозода таъйин шудааст.
Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1987 Асозода ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси муҳандиси барқ ​​хатм кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон раиси "Барқи тоҷик"-ро барканор кард
Асозодаро яке аз энергетикҳои пуртаҷриба медонанд, зеро солҳои зиёд НБО "Норак" ва "Бойғозӣ" дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Мавсуф соли 2015 дар вазифаи мудири шуъбаи сиёсати энергетикӣ ва захираҳои обу рушди илм ва технологияи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон кор кардааст.
Охири соли 2015 ӯ ба ин ширкати энергетикӣ истидом шуда, он ҷо ба ҳайси муовини аввали раис кор кардааст.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи тоҷик" як ширкати давлатии миллии энергетикии Тоҷикистон буда, қароргоҳаш дар Душанбе аст.