ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон раиси бузургтарин ширкати энержии кишвар – "Барқи тоҷик" Мирзо Исмоилзода аз мақомаш барканор шуд.
Бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 27 январи соли 2022 Исмоилзода аз вазифа озод шуд.
Ӯ ба ҳайси раиси ширкати "Барқи тоҷик" аз моҳи августи соли 2015 ба ин сӯ кор мекард.
Исмоилзода 11 марти соли 1967 дар Кӯлоб ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси электротехник мебошад.
Ӯ Фаъолияти меҳнатиашро дар синни 16-солагӣ ба ҳайси барқчии дараҷаи 1-уми лабораторияи истеҳсолии шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи тоҷик" як ширкати давлатии миллии энергетикии Тоҷикистон буда, қароргоҳаш дар Душанбе воқеъ аст.
Дар баробари "Барқи тоҷик" раҳбарони чанд корхонаи дигар аз ҳисоби кадрҳои ҷавон таъйин шудаанд, афзуд дафтари матбуотии раисиҷумҳур.
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ҳар як мақоми зикргардида мисол оварда, таъкид намудааст, ки камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои кутоҳтарин бартараф карда шаванд ва аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон раисҷумҳур таъкид кардааст, ки ба кор бо ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ муносибат намоянд ва барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо болотар гузошта, бо дасту дили пок ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ба нафъи мардум хизмат намоянд.