ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Қосим Раҳбар, раиси собиқи Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон раиси шаҳри Ҳисор таъийн шуд.
Қосими Роҳбар, ки дар гузашта вазири кишоварзии Тоҷикистон буд, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 раиси Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон таъйин шуд.
Қосими Роҳбар ё Қосим Қосимов солҳои 1994-1996 раиси ноҳияи Хуҷанд, соли 1992-1994 раиси Шӯрои иттифоқи ҷавонони вилояти Ленинободи собиқ ва аз 12 феврали соли 1996 то расидан ба курсии вазирӣ раиси вилояти Суғд буд.
Дар ҳамин ҳол бо қарори президенти кишвар ба ҷои Қосим Роҳбар Ҷумазода Шарифҷон, шаҳрдори собиқи Ҳисор раиси Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон таъйин шуд.
Қосим Роҳбар 13 октябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ Роҳбар Қосимов (1930-1974) мебошад.
Қосим Роҳбар дорои маълумоти олист ва соли 1986 факултаи агрономии Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст. Ӯ аз соли 1986 то соли 1989 ба ҳайси агротехник, агроном-энтомологи колхози 40-солагии Октябри ноҳияи Хуҷанд (ҳозира хоҷагии ба номи Р. Набиев ноҳияи Б. Ғафуров) кор кардааст.
Аз солҳои 1989 то 1991 ба ҳайси котиби дуюми Комитети комсомоли ноҳияи Хуҷанд кору фаъолият кардааст. Ӯ дар солҳои 1991-92 мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи комсомоли вилояти Ленинобод буд.
Дар солҳои ҷанги дохилӣ, аз соли 1992 то 1994 Қосим Роҳбар раиси Шӯрои иттифоқи ҷавонони вилояти Ленинобод буд ва соли 1994 раиси ноҳияи Хуҷанд таъйин шуд.
Оқои Роҳбар аз соли 1996 то соли 2006 ба ҳайси Раиси вилояти Ленинобод (аз феврали соли 2000 раиси вилояти Суғд), ҳамзамон намояндаи президент ва раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд кор кардааст.
Сипас, соли 1995 вай вакили халқии Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи Ёва №122 ва узви Кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷавонони МО ҶТ интихоб шуд.
Аз соли 2008 то соли 2015 Роҳбар вазири кишоварзии Тоҷикистон ва бо қарори раисҷумҳур соли 2015 ба ҳайси раиси Кумитаи рушди маҳал таъйин шуд.