Барои муҳоҷирон дар вилояти Маскав чӣ корҳое анҷом дода мешавад?

Дар вилояти Маскав ҳудуди 1,5 миллион муҳоҷир ба сар мебаранд, ки масъалаи таъмини амният ва риояи шароити кори онҳоро ба миён меорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Мақомоти вилояти Маскав бо масъалаҳои ҳуқуқии ҳалли мушкилот бо муҳоҷирон машғул хоҳанд шуд.
Дар ин бора губернатори вилояти Маскав Андрей Воробёв зимни суханронӣ дар гузориши солона ба сокинон ва вакилони Думаи вилояти Маскав хабар дод.
Дар паёми худ ба сокинон номбурда ба масъалаҳои муҳоҷират дахл кард.
"Бояд тамоми меъёрҳои муомилаи инсонӣ риоя шаванд. Одамон кор мекунанд, софдилона кор мекунанд. Аммо мо бояд бехатариро таъмин кунем", - гуфт Воробёв.
Вай ҳамчунин афзуд, ки масъалаи танзими муҳоҷирон ниҳоят муҳим аст. Ба гуфти ӯ, маҷмааҳои логистикӣ ва сохтмонӣ, ки муҳоҷиронро бо кор таъмин мекунанд, муваззафанд, ки барои сифати зиндагии коргарони худ масъул бошанд.
Патент ду баробар бештар дода шуд: шарҳи вазъи муҳоҷират дар Русия
Ин як унсури муҳими танзими фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ аст ва он бояд дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар карда шавад, қайд кард Воробёв.
Ба гуфти ӯ, имрӯз дар вилояти Маскав 1,5 миллион муҳоҷир зиндагӣ мекунанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, дар соли 2021 беш аз 2,2 миллион патент аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дода шудааст.
Тарҳи Русия дар сурати вуруди якбораи муҳоҷирони зиёд
Ин нисбат ба соли 2020 қариб 2 маротиба зиёд аст. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев таъкид кард, ки набуди назорати дуруст дар соҳаи равандҳои муҳоҷират ба амнияти кишвар хатарҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.
Медведев гуфт, Русия бояд ба вуруди муҳоҷирон омода шавад Ба гуфтаи ӯ, бар асари монеаҳои бюрократӣ шаҳрвандони хориҷие, ки қонун риоя мекунанд, маҷбур мешаванд, ба миёнаравҳои гуногун муроҷиат кунанд, ки ин барои шукуфоии бозори ҷиноии хидматрасонӣ ба муҳоҷирон шароит фароҳам меорад.