ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон амали марзбонони қирғизро таҷовуз ба қаламрави худ арзёбӣ мекунанд, гуфтааст ба РИА "Новости" як манбаъ бе зикри номаш аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ .
"Дар ҷои ҳодиса, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид ҷараён дорад ва мо амали марзбонони қирғизро таҷовуз ба қаламрави худ мешуморем", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, шоми 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз даргирӣ рух дод.
Бино ба маълумоти пешакӣ, ошӯб ба далели сангборон шудани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизистониҳо сар задааст.
Намояндагони мақомоти ҳар ду кишвар ба ҷои ҳодиса рафтанд. Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯйи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуд, мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тир шиллик карданд.
Ҳамин тавр муноқишаи миёни сокинон ба тирпарронӣ миёни марзбонон мунҷар шуд.
Ҷониби Қирғизистон сокинони манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба ҷои амн интиқол медиҳад.