Коҳиши сатҳи камбизоати дар Тоҷикстон тайи 20 соли ахир: шарҳи вазорат

Дар 20 соли ахир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 дарсад ба 26,3 дарсад коҳиш дода шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар давраи истиқлол беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, музди миёнаи меҳнат 87, нафақа 80, ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт.
Тибқи иттилои манбаъ, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки ин аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Рустами Эмомалӣ: Дар Душанбе сатҳи камбизоатӣ поин рафтааст
Ҳамзамон Вазорати меҳнат қайд кардааст, ки дар бист соли охир се ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ду барномаи баланд бардоштани сатҳи рифоҳи мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, дар айни замон татбиқи самарабахши Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.
“Ҳукумати Тоҷикистон барои татбиқи онҳо дар бист соли охир 174 миллиард сомонӣ масраф кардааст”, - қайд кардааст манбаъ.
Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, аз 2022 то 2026 бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида шавад.
Дар пайи амалӣ шудани ин ҳама барномаҳо сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то 15 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.