ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тоҷикистон дар робита ба тавлиди маснуоти заргарӣ ислоҳот роҳандозӣ мекунад.
Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ин тасмим аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тавсеаи саноати заргарии кишвар гирифта шудааст.
"Ҳадафи тасмими мазкур рушди соҳаи истеҳсоли маснуоти заргарӣ дар кишвар ва ба бозорҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба фурӯш баровардани маснуоти истеҳсолгардидаи заргарӣ арзёбӣ мегардад", - омадааст дар хабар.
Тадбири мазкур бо дарназардошти Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 андешида шудааст.
Ҳамин тавр барои роҳандози ислоҳот Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардум кумак мехоҳад.
Вазорат аз шахсони ҳуқуқӣ, инфиродӣ, ҳунармандони касбӣ ва шаҳрвандони одӣ хоҳиш кардааст, пешниҳоди худро бо мақсади рушди соҳаи маснуоти заргарӣ ва татбиқи ислоҳот дар ин соҳа ба суроғаи электронии вазорат info@sanoat.tj ирсол намоянд.