Сатҳи баланди омодагии махсус ва омодагии ҷангии қӯшунҳо дар тамрингоҳҳо, дар маъракаҳо ва парвозҳо ташаккул меёбад, ки ин асоси қобилияти дифоӣ, амният ва соҳибихтиёрии Русия ва иттифоқчиёни он мебошад.
Бахшҳои ҳавзаҳои ҳарбии ғарбӣ ва ҷанубии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия 25 январ огоҳ карда шуда, ба манотиқи ташаннуҷ, ба тамрингоҳҳо рафтанд ва супоришҳо дар ҷиҳати омодагии ҷангиро мувофиқи барнома иҷро карда истодаанд. Зиёда аз 7000 нафар аз низомиёни ин ду ҳавза ба тамрин ҷалб шудаанд.
Гурӯҳҳои тактикии дастаҳои низомии яккачин, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ, гурӯҳҳои киштиҳои флотхои Балтика ва баҳрҳои Сиёҳу Хазар дар консепсияи ягонаи вазъияти оперативӣ амал мекунанд. Дар ҳамин ҳол нерӯҳо ва воситаҳои Русия ба амнияти кишварҳои ҳамсояи Балтика, Қафқози Ҷанубӣ ва Украина таҳдид намекунанд.
Дар фазои Балтика то баҳри Сиёх қӯшунҳои 1-уми танкӣ ва 58-и артиш ба харакат даромад. Дар саҳро системаҳои оперативӣ-тактикии "Искандер-М" ва "Акатсия" ҷойгир карда шудаанд. Тайёрии қӯшунҳо ва нерӯҳои ҳавзаҳои ҳарбии ғарбӣ ва ҷанубӣ барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ пас аз ҷойгиршавӣ ба масофаҳои дур санҷида мешаванд.
Зиёда аз 60 ҷанганда, Су-27СМ, Су-30СМ2, Су-34 ва бомбандозҳо дар Қрим, Кубан ва Ростов дар масофаи ҳадди аксар аз ҳадафҳо зарбаҳои мушакиро тамрин мекунанд.
Бахшҳои посдори сулҳи Русия дар Приднестров ба минтақаҳои тамаркуз пеш рафта, супоришҳои пешбинишударо иҷро мекунанд.
Дар баҳрҳои Балтика, Сиёҳ ва Хазар гурӯҳҳои киштихои ду флот ва як флотилия амал мекунанд. Зимни машқҳо дар Балтика киштиҳои хурди мушакбари "Митиши", "Одинсово" ва "Зелений Дол" ба аҳдофе шабеҳи силоҳи душман тир холӣ карданд.
Қаблан Вазорати дифои Русия аз оғози машқҳои нерӯҳои дарёии Русия дар манотиқи мухталифи ҷаҳон бо ширкати беш аз 140 киштӣ ва беш аз 10 ҳазор нафар низомӣ хабар дода буд. Омодагӣ ба машқҳои муштараки Русияву Беларус ба унвони “Азми муттафиқин – 2022”, ки 10-20 феврал дар кишварӣ дувумӣ баргузор мешавад, давом дорад. Бо дарназардошти вазъи душвори амалиётӣ дар самти Украина Кумитаи давлатии марзбонии Ҷумҳурии Беларус барои ҳифзи сарҳади давлатӣ қувва ва воситаҳои эҳтиётиро мутамаркиз кардааст.
Муқовимат дар хатти сурх
Санҷиши омодагии ҷангии ҳавзаҳои низомии ғарбӣ ва ҷанубӣ то 29 январ идома хоҳад кард, аммо воҳидҳои омодагии доимии ду ҳавзаи пешрафта ҳамеша дар ҳолати "фанари фишурда" қарор дошта, танҳо мавқеъ ва мавсимро иваз мекунанд.
Рӯзи 26-уми январ Антони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико бо ҳамтои бритониёиаш Лиз Трасс "таҷовузи Русия дар марзҳояш"-ро баррасӣ кард. Як рӯз пештар дар як чорабинӣ, ки Шӯрои Атлантик пахш кард, эълом шуд, ки нерӯҳои Русия, "тақрибан 127 000" пас аз анҷоми машқҳои муштарак бо Ҷумҳурии Беларус, яъне 20 феврал ба Украина ҳамла хоҳанд кард.
Вашингтон беш аз як моҳ боз дар бораи омодагии ҳамлаи Русия ба Украина маълумоти бардурӯғ паҳн мекунад, ҳатто "вариант"-и таҷовузи Русия бар хоки Приднестров вуҷуд дорад. Ҳарчанд маълум аст, ки ҳуҷумҳои беасоси ҳарбӣ ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон хоси Пентагон ва НАТО аст (мо Афғонистон, Югославия, Ироқ, Либия, Сурияро дар хотир дорем). Ҳузури низомии ин паймон дар Аврупои Шарқӣ афзоиш меёбад ва режими таҷовузкоронаи Киев низ маҳсули таҷрибаҳои геополитикии ИМА мебошад.
Русия интиқоли иғвоангезонаи аслиҳаи Амрико ба Украина ва ҳузури пайвастаи киштиҳои нерӯи дарёии ИМА дар соҳилҳои Русияро ғайриқобили қабул медонад. Маскав парвариши русбадбинии Амрико, стандартҳои дугонаи Вашингтон дар муносибатҳои байналмилалиро маҳкум мекунад.
Вошингтон ва Брюссел ҳанӯз омода нестанд, дар муколама бо Маскав созиш кунанд. Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ба пешниҳодҳои сулҳҷӯёнаи Русия ба таври ғайрисозанда вокуниш нишон медиҳанд. Пентагон ният дорад, ки нерӯҳои изофӣ аз Амрикои Шимолӣ ба Аврупо, тибқи манобеи мухталиф, аз ҳашт то панҷоҳ ҳазор сарбоз интиқол диҳад.
Дания ба баҳри Балтика як фрегат ва ба Литва чор ҷанганда F-16 мефиристад. Нидерландия ду ҷангандаи F-35-ро дар Булғористон мустақар мекунад. Испания ва Фаронса имкони густариши ҳузури низомии худ дар Руминияро баррасӣ мекунанд.
Бо вуҷуди ин амрикоиҳо наметавонанд "ултиматум"-и осоиштаи Маскавро нодида гиранд ва музокироти амниятро ба дарозо кашанд. "Рақси шамшерӣ"-и Атлантикаи Шимолӣ, пеш аз ҳама иҷрокунандагони онро таҳдид мекунад.
Ҳамчун як абарқудрати ҳастаӣ Русия аз лиҳози низомӣ осебпазир аст ва аз лиҳози технологӣ ба ҳама гуна вариантҳои вокуниши “шарикҳо” омода аст. Эхтимол дар мохи феврал Маскав ба амалӣ гардондани "плани Б" шуруъ кунад, яъне бо дигар воситаҳои сиёсӣ ва ҳарбию техникӣ америкоиён ва иттифокчиёни онҳоро ба сулҳу осоиш маҷбур кунад.
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия бори дигар дар ин бора ёдовар шуд. Албатта, ин Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ нест, ҳамлаи ибтидоӣ ба Украина нест, аммо амали Кремл Кохи Сафедро дар ҳудуди муайян мегузорад. Барои хуб ё бад, ба амрикоиён лозим меояд, ки гузашти ҷиддӣ кунанд.
Вошингтон воситаҳои муассири таъсиррасонӣ ба сиёсат ва стратегияи Маскавро надорад, "гегемон" бояд ниёзҳо ва имкониятҳоро андоза кунад ва ба шароити сахти ҷаҳони бисёрқутбӣ мутобиқ шавад. Лондон алакай огоҳӣ гирифтааст, ки нерӯҳои дарёии Русия дар моҳи феврал 250 километр аз соҳилҳои Бритониё партоби мушакӣ ва бомбгузориро анҷом медиҳанд.
Дар системаи амнияти ҷахонӣ дигаргунии куллӣ ба вуҷуд меояд.
Омодагии ҷангии флоти ҳарбии баҳрии Русия дар уқёнуси ҷаҳонӣ ва ду округи ҳарбӣ дар қисмати ғарбии Федератсияи Русия ба таври боварибахш исбот мекунанд, ки "шарикон" алтернативаи мувофиқ надоранд.