ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Кормандони пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия гумонбар дар қатли таксирони тоҷикро боздошт карданд, иттилоъ додааст Кумитаи тафтишотии ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, нафари боздоштшуда як ҳамватан ва рафиқи ин ронандаи тоҷик будааст.
Ёдрас менамоем, ки чанде пеш дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург ҷасади як ронандаи таксӣ пайдо шуда буд.
Баъдан маълум шуд, ки ин муҳоҷири кушташуда шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҳамагӣ 26 сол доштааст.
Ҷасади тоҷикистонӣ дар ҳоле пайдо шуд, ки ҳалқаш бурдида шуда, ҳамзамон чанд зарби корд низ дар ҷасадаш ҳувайдо буд. Ҷасади беҷонаш дар баромадгоҳи пандуси фурудгоҳи мазкур дар дохили мошин қарор дошт.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Санкт-Петербурги Русия хабар додаанд, ки нафари боздоштшуда ҳамватани 18-сола ва дӯсти ин таксирони тоҷик будааст.
“Тибқи маълумоти пешакӣ, ӯ гулӯи ронандаро бурида, сипас ба ҷои ронанда нишаста мошини ӯро канори роҳ гузоштааст”,- иттилоъ додаанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Петербург.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур кормандони пулиси Петербург парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ҳоло тамоми ҷузъиёти ин ҳодиса баррасӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург Назари Мирзода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки ҳоло ҷасади ин таксирони тоҷик дар сардхонаи ин шаҳр қарор дорад ва баъд аз анҷоми расмиёт ба Тоҷикистон мунтақил мешавад.