Ҳалокати шаш тоҷикистонӣ бар асари заҳролудшавӣ дар Волгоград

Шаш шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Волгоград бар асари заҳролудшавӣ ҷон бохтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Мақомоти Волгоград ҳалокати шаш нафарро бар асари заҳролудшавӣ таъйид карданд.
Дар раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар вилояти Волгоград ба Sputnik Тоҷикистон рух додани ин ҳодисаро таъйид карда, афзуданд, ки феълан дар ҷои ҳодиса мутахассисон кор мекунанд. Таъкид карданд, ки иттилои бештар дар бораи қазия баъдан ироа хоҳад шуд.
Ба иттилои РИА "Новости", гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хоҷагии фермерӣ дар ноҳияи Среднеахтубинск кор мекардаанд, аз гази хориҷкардаи муҳаррик заҳролуд шудаанд.

"Шаш шаҳрванди Тоҷикистон шабро дар мошин, дар наздикии деҳаи Рахинка гузарондаанд, ки бо дастгоҳи ҳавотозакунӣ муҷаҳҳаз набудааст. Субҳ ҷасадҳои онҳо ёфт шудааст", - навиштааст "Интерфакс" аз қавли манобеяш.

Хабаргузории ТАСС навиштааст, ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки дар гармхонае дар ноҳияи Среднеахтубинск фаъолият мекарданд.
Сафорат гуфт, қатли бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия то охир пайгирӣ мекунад
Шарҳи расмие дар ин бора то ҳол ироа нашудааст. Назари сафорати Тоҷикистон дар Русия низ то ҳол дастрас нест.
Маврид ба зикр аст, ки аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар бахшҳои гуногун фаъолият мекунанд.