Ятим 232 ва нимаятим 151 сомонӣ нафақа мегирад: аз 1 июл чӣ қадар боло меравад?

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки аз нимаи дуюми соли равон нафақаи ноболиғон дар кишвар чӣ қадар боло хоҳад рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Маблағи нафақагирони яктим дар Тоҷикистон аз 1 июли соли равон ба андозаи 51 сомонию 75 дирам боло хоҳад рафт.
Дар ин бора Даврон Вализода, сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ба "Ховар" хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, феълан андозаи нафақаи миёнаи ятимони кулл 232 сомонӣ ва нимятимон 151 сомониро ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон музди меҳнат зиёд мешавад: аз кӣ ва чӣ қадар
Зикр шудааст, ки бо дастури раисҷумҳур ҳаҷми нафақаи табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ятимон аз 1 июли соли 2022 ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақали нафақаи синнусолӣ зиёд мешавад.
Ба гуфтаи Вализода, дар доираи иҷрои фармони мазкур зиёда аз 90 ҳазор кӯдаки ноболиғ, яъне то 18-сола бо он фаро гирифта мешаванд.
"Яъне нафақаи категорияи мазкур, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ба андозаи 51 сомониву 75 дирам зиёд карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар буҷаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон барои боло бурдани нафақаи ятимон бештар аз 50 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.