ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik Қаҳрамонии Осиё аз намуди бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар Ӯзбекистон ба даври нимфинал расид.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, аз 18 варзишгари тоҷик 11 нафар ба даври нимфинал баромаданд ва сабқатро 27 январ идома медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки аввалин Қаҳрамонии Осиё аз намуди бокс миёни ҷавонони то 22-сола 22 январ оғоз гардид.
Дар рӯзи аввал ду варзишгари тоҷик бар ҳарифонашон ғолиб шуданд. Искандарбек Рустамов дар вазни 54 кг бар Чаҳура Лакшан аз Шри-Ланка ва Расул Аҳадов дар вазни 67 кг бар Ҳалим Сулаймон аз Малайзия дастболо шуданд.
Дар рӯзи дуюм Хусравхон Раҳимов бар намояндаи Қирғизистон ва Давлат Болтаев бар варзишгари мизбон пирӯз гардиданд.
Дар рӯзи дуюм Хусравхон Раҳимов бар намояндаи Қирғизистон ва Давлат Болтаев бар варзишгари мизбон пирӯз гардиданд.
Дар рӯзи сеюм Акбаралӣ Абдураҳмонзода бар намояндаи Арабистони Саудӣ Абдулазиз Алатбӣ ғолиб омад.
Ҳамин тариқ аз миёни 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон нуҳ нафар муштзаниро дар даври нимфинал, ки 27 январ баргузор мешавад ва ду нафар дар финал, 29 январ идома медиҳанд.