Тарҳи Русия дар сурати вуруди якбораи муҳоҷирони зиёд

Мақомоти Русия азм доранд, ки барои танзими ҳолати вуруди якбораи муҳоҷирони зиёд иқдомотеро пиёда кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Моқомоти умури муҳоҷирати Русия ният доранд, мафҳуми нав - "ҳимояти муваққатӣ"-ро дар қонун ҷо диҳанд. Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар лоиҳаи қонун зери мафҳуми "ҳимояи муваққатӣ" як намуди паноҳгоҳ барои хориҷиён дар назар дошта мешавад. Аз ин тариқ муҳоҷироне, ки ба таври оммавӣ вориди Русия шудаанд, мавриди ҳимоя қарор мегиранд.
Таъкид шудааст, ки тарзи пешниҳоду маблағгузории паноҳгоҳҳои муваққатиро Ҳукумати Русия бар асоси Қонун дар бораи гурезаҳо муайян менамояд.
Муҳлати иқомат барои як гурӯҳи муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд: кадом?
Дар зимн муҳоҷирон ҳақ хоҳанд дошт, ки макони иқоматашонро дар Русия тағйир диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки аз зарурати роҳандозии чунин иқдом баъди буҳрони Украина дар соли 2014-ум суҳбатҳо оғоз шуда буданд. Он гоҳ Русияро зарур омад, ки фавран вуруди оммавии муҳоҷирон аз ин кишварро танзим кунад.
Тайи солҳои охир дар сиёсати бахши муҳоҷиратии Русия як қатор тағйирот ворид гардиданд. Аз аз ҷумла аз 29-уми декабри соли 2021 хориҷиёне, ки ба Русия ба муҳлати беш аз 90 рӯз омадаанд, бояд изи ангушт супоранду аксбардорӣ шаванд.